ГРАНД СЛАМИ БОКУ-2023. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 варзишгар муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Боку-2023 дар ҳайати 7 варзишгар иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқаи мазкур 22-24 сентябр бо иштироки 313 варзишгари беш аз 57 давлат баргузор мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90кг ва Мансур Раҳмон бо Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг муаррифӣ менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






