ИМКОНИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахт ҳамоиши сармоягузорон доир гардид

Сентябрь 29, 2023 17:22

ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023»  таҳти унвони  «Имконияти сармоягузорӣ дар  шаҳри Душанбе ва саноатикунонии босуръат» ҳамоиш  доир шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳадафи форум муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар кори ҳамоиш  роҳбарияти Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои ҷаҳон ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 205 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 117 миллион доллари ИМА ва соли сипаришуда 28 миллион доллари ИМА аз худ шудааст.

Танҳо дар семоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 154 миллион долларро ташкил дод,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳудуди пойтахт 31 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 16 корхона ба маблағи умумии 23,4 миллион доллар сармояи мустақим ва 15 корхона ба маблағи умумии 130,5 миллион доллар дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.

Иброз гардид, ки бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026» бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе низ корҳои назаррас анҷом дода шуд. Аз ҷумла, истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридот-ивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар шаш моҳи аввали соли 2023 заминаи мусоид фароҳам гардид.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби 728 корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 319 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 121,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мшавм, ки 14 октябри соли 2021 дар доираи эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Душанбе — Инвест 2021» бо ҷалби 400 нафар иштирокчиён ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ баргузор гардид, ки зимни он 6 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 87,0 миллион доллари ИМА, ки дар шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд, ба имзо расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2023 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд