ИСТИҚЛОЛИЯТ-ВОЛОТАРИН ВА АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Дар Суди Олӣ бахшида ба ин санаи муҳим ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ« Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки дар даврони истиқлолият маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти судии мамлакат ба шохаи мустақили ҳокимият табдил гардида, қонунгузории соҳа ва амалӣ намудани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ пешбинигардида зина ба зина тақвият меёбад.
Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ба судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ҷоизаҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти назаррас ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ мукофотонида шудаанд, супорид.
Таъкид гардид, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик давоми даҳ асри гузашта ба шумор рафта, маҳз бо шарофати он Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Гуфта шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он фаъолияти мақомоти олии қонунгузор, иҷроия ва судии мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шаванд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ дар мавзуъҳои «Истиқлолият ва рушди давлатдори миллӣ», «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ва «Таҳкими ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлолият» маъруза намуданд.
Изҳор гардид, ки маҳз дар ҳамин давра Тоҷикистон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки асоси давлати демократию ҳуқуқбунёд ва халқу миллатҳои мутамаддин ҳисоб мешавад, шуруъ намуд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи мамлакат имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд






