«КИТ: Ширкати нақлиётӣ» шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 16.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КИТ: Ширкати нақлиётӣ» шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати мазкур.
Бино ба гуфтаи директори департаменти ширкати нақлиётии «КИТ» Игор Долганов, ин ниҳод экспедитори федеролии ҳамлу нақли бор дар қаламрави Федератсияи Русия ва давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад.
Он дар қаламрави Федератсияи Русия ва давлатхои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 270 намояндагӣ дорад ва ба бисёр нуқтаҳои аҳолинишини дур аз марказҳои нақлиётии федеролӣ бор мекашонад. Аз ҷумла, дар 87 субъекти таркибии Русия намояндагӣ дорад.
«Мо як ширкати босуръат рушдёбанда ҳастем ва барои самаранок таъмин намудани ҳаракати ҳамлу нақли бор ба корманд эҳтиёҷ дорем. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар ширкати мо кор кунанд, чунин имтиёзҳо пешбинӣ шудааст: пардохти маблағи парвоз ба Федератсияи Русия, сабти патент аз ҷониби корфармо, пардохти маблағи манзил ва 50 ҳазор рубл маош. Хоҳишмандон метавонанд тариқи почтаи электронии vassa96@mail.ru бо мо дар тамос шаванд», — гуфт директор.
Ширкат ба коргарон шароити бехавфи меҳнат, ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнатро дар ҷойи кор муҳайё намуда, сари вақт додани музди меҳнатро таъмин менамояд.
Бояд гуфт, ки ҶДММ «КИТ: Ширкати нақлиётӣ» аз соли 2022 ба рӯйхати ташкилотҳои муҳими иқтисодии Русия дохил шудааст. Корхонаи идоракунандаи ширкат дар Екатеринбург ҷойгир аст.
АКС аз манбаъҳои боз










Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






