Мактабҳои Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд. Ин матлаб 21 сентябр зимни муаррифии барномаи ҷаҳонии арзёбӣ ва мониторинги сифати таҳсилот- PISA баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар барномаи мазкур 6300 нафар хонандагон аз 150 мактаб- аз ҳар муассиса 42 нафар хонандагони синфҳои 7 ё аз 15-сола боло иштирок менамоянд. Дар доираи он дастовардҳои таҳсилии онҳо аз рӯи фаннҳои табиатшиносӣ, саводи хондан ва математика санҷида шуда, аз рӯи натиҷаи он мушкилоти асосии ҷойдошта дар самти таълими ин фанҳо муайян мешаванд.
Дар ҳамоиши мазкур, ки бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд, ки барномаи мазкур дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бо мақсади баланд гардидани сифати таҳсил амалӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои PISA маротибаи аввал буда, ба қонеъ гардидани ниёзҳои афзояндаи давлатҳо барои ҷустуҷӯ ва истифодаи намунаҳои муваффақтарин ва муассиртарини сиёсат ва стратегияҳо дар соҳаи маориф тарҳрезию ба роҳ монда шудааст.
Давлатҳои гуногун бо иштирок дар пажуҳишҳои барномаи мазкур ба ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонии низоми таҳсил табдил меёбанд, ки дорои имконияти муқоисаи натиҷаҳо ва омӯзиши таҷрибаҳои ҳамдигар мебошад.
Барнома аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ба роҳ монда шуда, ҳадафи он баҳодиҳӣ ба низомҳои таҳсил мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки шуруъ аз соли 2000- оғози ба роҳ мондани барномаи мазкур дар он тақрибан 100 давлати ҷаҳон иштирок намудаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
P.S. Натиҷаҳои PISA сифати воқеии таҳсил, дастовардҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ва омилҳои ба он таъсиррасонро нишон дода, имкон фароҳам меоранд, ки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф аз давлатҳои дигар таҷриба омӯхта, дар асоси далелҳо сифати таҳсилро баланд бардоранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






