«МАРДЕ АЗ САРНАВИШТ». Дар Душанбе тамошои дастҷамъонаи ин филм баргузор мешавад

Сентябрь 2, 2023 17:31

ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябр, соати 9:30 дар «Кохи Суруш» – и шаҳри Душанбе тамошои дастҷамъонаи филми ҳуҷҷатии «Марде аз сарнавишт» баргузор  мешавад. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Тамошои филми мазкур бо фарогирии 800 нафар ҷавонони касбу кори гуногун аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Дар филми мазкур нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот дар қаламрави мамлакат, расидан ба истиқлолияти комил ва пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Филми «Марде аз сарнавишт» бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини мамлакат, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Дар филми мазкур коршиносону сиёсатмадорони барҷаста ва ходимони намоёни давлатӣ оид ба нақши Пешвои миллат дар бартараф намудани оқибатҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо,  соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ташаббусҳои ин марди наҷиб дар арсаи байналмилалӣ ва обрӯю нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон ибрози андеша менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2023 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд