Моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ байни ҷавонони 18-20-сола доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар робита ба омодагӣ ба ин мусобиқа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ Хабир Ҳабибуллин вохӯрӣ намуд.
Таъкид шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон таъмин гардида, барои машқу тамрини ҷавонону варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Гӯштини миллии камарбандӣ дар вилояти Суғд маъруф буда, беш аз 800 нафар варзишгарон ба ин намуди варзиш машғул мебошанд, ки ба онҳо зиёда аз 20 нафар устодони варзиш машқ медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 12 то 15 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд байни ҷавонони 18-20-сола доир шуда, дар он варзишгарон аз 20 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






