МУЪҶИЗАИ НУР ДАР ДИЛИ КӮҲ. Аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардиданд

Сентябрь 23, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр бо ташаббуси Кумитаи иҷрояи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  як гурӯҳ фаъолони ҳизб аз тамоми муассисаву идораҳои  ноҳия, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони ВАО  ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафар намуда, бо ҷараёни корҳо дар ин иншооти азими гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд ва бо муҳандисону кормандони он суҳбат анҷом доданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Муовини директори истеҳсолӣ дар ҶСК НБО «Роғун» Қурбонназар Давронов ҳайати меҳмононро   бо минтақаҳои сохтмон- шуруъ аз сарбанди ин «Кохи нур», ки  дар таърихи бунёди неругоҳ мақоми хосса дорад, шинос намуда, ёдовар гардид, ки қариб 7 сол муқаддам- 29 октябори соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш иваз шуда, ба бунёди ин мавзеи муҳими иншоот оғози расмӣ бахшида шуд. Имрӯзҳо корҳо дар ин минтақа дар сатҳи зарурӣ идома дошта, сохтмончиён бо масъулияти баланд пайи анҷоми он шабу рӯз заҳмат мекашанд.

Дар идомаи  сафар ҳайати гурӯҳ  бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи «Роғун» аз  ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо,    толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби онҳо, инчунин дигар мавзеъҳои он шинос шуданд. Доир ба ҳар яке аз ин минтақаи сохтмон,  ки барои   ин иншооти азими гидроэнергетикӣ аз аҳамияти махсус бархурдор аст, муовини директори истеҳсолӣ дар ҶСК НБО «Роғун» Қурбонназар Давронов маълумоти зарурӣ ва муҳим пешниҳод менамуд ва ба саволҳои сершумори ҳайати меҳмонон посухҳои мушаххас медод.

Мавсуф зимни суҳбат аз таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  10 августи соли равон зимни суханронӣ дар назди сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳор  доштанд, ёдовар шуда, масъулияти бар дӯшдоштаи ҳар корманди ин иншооти бузургро  махсусан иброз намуд.

Пас аз шиносӣ бо мавзеъҳои асосии НБО «Роғун» бо иштироки доираи васеи кормандону сохтмончиёни ин иншооти бузурги аср ва ҳайати меҳмонон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷрояи  ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён аз саҳми арзандаи ҳар сохтмончии неругоҳи «Роғун», ки имрӯзҳо бо масъулияти баланд  заҳмат мекашанд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо бунёди ин неругоҳи бузург    рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ боз ҳам беҳтар мегардад,   ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешаванд ва  дар оянда шаҳри Роғун, хусусан обанбори НБО «Роғун» ба мавзеи сайру саёҳати шаҳрвандону сайёҳон мубаддал мегардад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба гурӯҳе аз сохтмончиёни фаъоли  НБО «Роғун»  ифтихорномаҳои Кумитаи иҷрояи  ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ тақдим шуданд.

Дар интиҳо баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Саидҷаъфар АШӮРЗОД,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Роғун-Душанбе

АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ 

Сентябрь 23, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд