Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа 10 масъала баррасӣ гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷараёни иҷрои барномаи байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат бар зидди киберҷиноятҳо, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин ҷараёни иҷрои Барномаи байнидавлатии чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 ва натиҷаи чорабиниҳои мувофиқашуда ё якҷояи фаврӣ-профилактикии вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






