Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд

Сентябрь 18, 2023 13:30

ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа 10 масъала баррасӣ гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷараёни иҷрои барномаи байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат бар зидди киберҷиноятҳо, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин ҷараёни иҷрои Барномаи байнидавлатии чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 ва натиҷаи чорабиниҳои мувофиқашуда ё якҷояи фаврӣ-профилактикии вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2023 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд