НАМУНАИ ИБРАТ! Дугоникҳо Шамсиддин ва Қамариддин Бороновҳо ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан мераванд
ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дугоникҳо Шамсиддин ва Қамариддин Бороновҳо бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳуҷҷатҳояшонро супорида, аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Дар айни замон онҳо дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои омӯхтани курси ронандагӣ таҳсил доранд ва аз 1 октябри соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рўзномаи «Хатлон».
Падари наваскарон, сокини Ҷамоати шаҳраки «Балх»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Тағоймурод Боронов бо ифтихор мегӯяд, ки 2 писарашро бо хоҳиши худи онҳо ба хизмати ҳарбӣ гусел мекунад. «Маҳз хизмати содиқонаи ҳомиёни мамлакат аст, ки имрӯз мо-сокинон ва шаҳрвандон, дар фазои амну осоиш ва ваҳдати миллӣ кору фаъолият дорем. Умед дорем, ки фарзандонам хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адо намуда, ба хона бармегарданд»,- афзуд ў.
Иқдому амали неки бародарони дугоник Шамсиддин ва Қамариддин боиси дастгирӣ ва ибрат ба ҳамаи ҷавонон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1 октябр даъвати шаҳрвандони то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки сол аз сол шароити техникии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтар мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имконияти фароҳамгардида насли ҷавони мамлакатро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накарда, барои ҳифзи марзу буми он доим омода бошанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз рўзномаи «Хатлон»








ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд






