НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар даҳсолаи охир беҳтар гардида, мутавозинтар ба назар мерасанд
ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агар дар аввали солҳои соҳибистиқлолии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамагон мунтазири эҳтимоли оғози рӯёрӯҳои гуногуни харобиовар дар байни баъзе аз онҳо дар заминаи бархӯрдҳои қавмӣ, амниятӣ, ҷиноятҳои созмонёфта, иқтисодӣ, талоши дастрасӣ ба манобеи табиӣ ва ғайра буданд, вале дар даҳсолаи охир акнун равобити давлатҳо баръакси ин пешфарзҳо беҳтар созмон ёфта, мутавозинтар ба назар мерасад. Ин робитаҳо на танҳо дар қолаби созмонҳои фароминтақавӣ, балки созмонҳои аз дохили баданаи худи минтақа зуҳурнамуда низ ташаккул меёбанд.
Чунин нигоштааст Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мақолаи худ дар робита ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки пагоҳ ба кор оғоз менамояд.
— Тамоюли болозикр имконият фароҳам меорад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ бевосита дар ҳамкорӣ бо ҳамдигар дар минтақа барои эҷоди як низоми пойдор манфиатдор буданашонро дарк намоянд ва аз авҷи зуҳури падидаҳои низомзудоӣ дар ҷабҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ҷилавгарӣ намоянд. Хусусан созмонҳои минтақавӣ, ба монанди Шурои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди наҷоти Арал имрӯзҳо хеле муваффақона дар баробари чолишҳои бузурги байналмилалӣ барои коҳиши бештари низоъҳои минтақавӣ кумак менамоянд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки ин созмонҳо мутавозинсозу муътадилкунандаи рафтори ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо дар посух ба масъалаҳои минтақавӣ, балки дар аксар маврид чолишҳои байналмилалӣ низ мебошанд. Баҳри иҷрои ин ҳадаф онҳо дидгоҳҳо ва мулоҳизоти худро нисбат ба падидаҳои фароминтақавӣ дар заминаи эҳтиром ба мавқеъҳои якдигар матраҳ менамоянд. Яке аз чунин масъалаҳо марбут ба вазъияти Афғонистон аст, ки ба амнияти давлатҳои минтақа таҳдиди мустақим дорад. Ҷустуҷӯи мавқеи муштарак алҳол барои пешниҳоди ҳалли вазъияти баамаломада барои доираҳои сиёсию коршиносии минтақа мушкили ҷиддӣ эҷод намудааст.
Новобаста аз зуҳури баъзе масъалаҳо дар робитаҳои давлатҳои минтақа ҷиҳати мусбат он аст, ки алҳол дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусобиқаи сиёсию низомӣ барои эҷоди чолиш нисбат ба якдигар камтар мушоҳида мешавад. Зеро талошҳои ҳалли ихтилофоти ҷойдошта дар байни онҳо имрӯз аллакай ба худ хусусияти ниҳодина касб намудааст, ки интихоби машварату гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба аз ҷумлаи онҳо мебошад. Мутолиа ва таҳлилҳои пайвастаи коршиносӣ ба давлатҳои минтақа кумак намуд, то рақобатҳои байни худро аз вазъияти изтирорӣ ба арсаи талошҳои дарёфти имконияти густурдаи ҳамзистии мусолиматомез табдил диҳанд.
Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо сиёсат ва иқдомоти созандаашон низ хатарҳои ба амнияти минтақавӣ таҳдидкунандаро тӯли солҳои охир ба таври назаррас коҳиш дода тавонистанд. Интизор меравад, ки чунин иқдом батадриҷ моҳияти сиёсати минтақавиро дигаргун намояд. Яъне, давлатҳои Осиёи Марказӣ на зери чатри кишварҳои дигар, балки бо дарки равандҳои объективии ҷаҳони имрӯз дорои манфиатҳои муштарак будани худро дарк намудаанд ва барои ҳифзу татбиқи онҳо пайваста саъю талош меварзанд. Ин тамоюл муҳитеро ба вуҷуд оварда истодааст, ки одамон беш аз пеш ба якдигар наздик мешаванд, гардиши мол дар байни давлатҳо меафзояд. Иқтисодиёти онҳо тавассути ин равандҳо қудратманд шуда истодааст ва афзоиши ҳамасолаи рушди онҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пайваста таъкид мегардад.
Мавриди тазаккур аст, ки дар чунин вазъият судмандии омӯзишҳои стратегии равандҳои минтақавӣ меафзояд. Мутолиоти стратегӣ ҳамчун яке аз шохаҳои аслии робитаҳои байналмилалӣ дар минтақа тавсеа ёфта истодааст. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ба дарки таҳдидҳои ҷадид ба муҳити амниятии минтақа, аз ҷумла густариши терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва ғайра аз ҳамин гуна масъалаҳои рӯзмарраи мавриди назар ба шумор мераванд. Баръакси ҳаракатҳои кунди солҳои пеш имрӯз минтақа мизбонии чорабиниҳои муҳими байналмилалиро ба дӯш гирифта истодааст ва мо шоҳиди суръати беш аз ҳадди таҳаввулот дар ин арса ҳастем.
Баргузори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябр бо рӯзномаи хеш сатҳу сифати ҳамкории минтақавиро боло бурда, ба таҳкими амнияту субот ва рушди минтақа мусоидат менамояд.
Боварии моро ба ин ҳадаф баргузории чорабиниҳое, ки пеш аз оғози нишасти мазкур дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе доир шуда истодаанд, афзун менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»