ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода 1,5 км роҳи байнидеҳавӣ асфалтпӯш гардид

Сентябрь 20, 2023 09:06

ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми фаъолонаи соҳибкорони бонангу номус ва сокинони деҳот дар марҳилаи аввал зиёда аз 1,5 км роҳи деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Навобод асфалтпӯш гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Иқдоми асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллӣ, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми фаъолонаи соҳибкорони бонангу номус ва сокинони деҳот ба ҳукми анъана даромадааст, ин навбат аз ҷониби сокинони деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Навобод амалӣ гардид.

Бо иттиҳоду якдилӣ соҳибкорон ва мардуми деҳаи мазкур тавонистанд, ки дар марҳилаи аввал роҳи байнидеҳавиро асфалтпӯш намоянд.

Сокинони деҳа иброз доштанд, ки ният доранд дар марҳилаҳои минбаъда боз 1,5 километр роҳҳои дохили деҳаро асфалтпӯш намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 20, 2023 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!