ҶОМИ КФО-2023/24. Бозии дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии дастаҳо мусовӣ анҷом ёфт.
Акнун дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 5 октябр дар сафар бо дастаи дигари Туркманистон — «Алтин Асир» бозӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Марв»-и Туркманистон дар бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО 2023/24 бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфта, ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфта буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






