ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи интихобӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон, Австралия ва Лаос барои роҳ ёфтан ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё байни ҳам мубориза мебаранд. Дар даври аввал- 6 сентябр дастаҳои мунтахаби Лаос ва Австралия байни ҳам вомехӯранд. Дар даври дуюм- 9 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лаос бозӣ менамояд. Ва дар даври ниҳоӣ- 12 сентябр дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Австралия бозӣ хоҳад намуд. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мегарданд. Арзиши чиптаи категорияи якум 50 сомонӣ ва категорияи дуюм 20 сомониро ташкил медиҳад.
Қобили тазаккур аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 даста, ки бо натиҷаи беҳтарин дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)
Гурӯҳи «I»
Даври 1
6 сентябр (чоршанбе)
Оғоз – соати 20:30
Лаос – Австралия
Даври 2
9 сентябр (шанбе)
Оғоз – соати 20:30
ТОҶИКИСТОН – Лаос
Даври 3
12 сентябр (сешанбе)
Оғоз – соати 20:30
Австралия –ТОҶИКИСТОН
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






