ҶОМИ ОСИЁ-2024. Доварони тоҷик бозиҳои марҳилаи интихобиро ҳакамӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳакамии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола, ки аз 6 то 12 сентябр баргузор мешаванд, чаҳор довар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов дар бозиҳои гурӯҳи «D» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Баҳрайн, Фаластин ва Покистон кор менамоянд. Даври интихобии ин чаҳоргонаро шаҳри Ароди Баҳрайн мизбонӣ менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки ду довари дигар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи «А»-ро дар Аммони Урдун ҳакамӣ менамоянд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Урдун, Сурия, Уммон ва Бруней байни ҳам рақобат менамоянд.
Илова бар ин сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «Е» таъйин гардид. Дар доираи он дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Эрон, Ҳонконг ва Афғонистон дар шаҳри Тошканд байни ҳам мубориза мебаранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






