ҶОМИ ТОҶИКИСТОН– 2023. «Истиқлол» бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар доираи бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 бозӣ намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин бозии 83-юми дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон буд. Голи ягонаро дар дақиқаи 19-уми бозӣ Шаҳром Сулаймонов ба нишон расонида, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Вохӯрии ҷавобии дастаҳо 7 октябр дар варзишгоҳи «Талко-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Пас аз ин бозӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои анҷом додани бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионати Осиё ба шаҳри Риёз сафар менамояд, то бо дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дидор анҷом диҳад. Бозии дастаҳо 2 октябр, соати 23:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии дигари нимниҳоӣ байни дастаҳои футболи «Хатлон» -и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 29 сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Бохтар баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






