ОЗМУНИ «МАСНАВИХОНӢ». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ҷумҳуриявии он оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон даври ҷумҳуриявии озмуни «Маснавихонӣ» бо иштироки ғолибони даври дуюм аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар даври вилоятии озмун, ки дар шаҳри Бохтар доир гардид, 112 донандаи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фаъолона иштирок намуд. 24 нафар дар чаҳор гурӯҳ, яъне хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ғолиби ин давр дониста шуданд.
Озмуни «Маснавихонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно ва ташвиқи осори ӯ дар такомули мафкураи миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа ва эҳтиром ба саҳми шоёни Мавлоно дар рушди адабиёти классикии тоҷик доир мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд






