Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии Казахкуреш дар Қазоқистон соҳиби се медал гардиданд

Сентябрь 5, 2023 19:16

ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Уштобеи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми ҷаҳони Казахкуреш  баргузор гардид, ки паҳлавонони  тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи баланд   тавонистанд ба гирифтани се медал мушарраф гарданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»   хабар медиҳад.

Паҳлавонони ҷаҳон аз 20  давлати  олам барои ба даст овардани ҷом ва медалҳо  дар вазнҳои мухталиф байни ҳам рақобат намуданд. Ҳайати 8-нафараи  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сорбон Абдулҳайов ва 7 паҳлавони дигар ба мусобиқаи мазкур ҷалб гардид. Мусобиқа таҳти ҳимояи Федератсияи ҷаҳонии гӯштин барпо шуд.

Қобили тазаккур аст, ки  варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқоти сатҳи баланд  ҳунару маҳорати воло нишон дода, дар натиҷа ба гирифтани 3 медал- 1 нуқра ва 2 биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Ҳамроз  Раҷабов дар вазни  то  82 кг медали нуқраро соҳиб шуда, медалҳои биринҷиро  Валимуҳаммад Боқиев дар вазни то 80 кг ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 100 кг ба даст оварданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 5, 2023 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид