Пешвои миллат: «Тоҷикистон барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад»

Сентябрь 29, 2023 14:11

ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор аст ва табиати нотакрор дорад, барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад. Қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир ҷаҳонгардонро ҳар сол барои сайёҳат ба кишвари мо ҷалб менамоянд ва шумораи сайёҳон сол ба сол афзоиш меёбад. Ин матлаб имрўз зимни суханронӣ (Паёми видеоӣ) дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе – 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардид.

Пешвои миллат дар ин суханронӣ тазаккур доданд, ки соли 2022 шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, қариб ба як миллион нафар расидааст ва интизор меравад, ки соли ҷорӣ ин шумора як миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «дар баробари ин, мавҷудияти намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаи дорусозӣ имконияти зиёд фароҳам овардааст. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз панҷ ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузоронро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятноки зикргардида баррасӣ карда, онҳоро дастгирӣ намояд».

«Аз фурсат истифода бурда, шумо – сармоягузорони гиромиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зичу судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштарак дар самтҳои гуногун даъват менамоям. Аз сармоягузорони дар ин форум ҳузурдошта эҳтиромона даъват ба амал меоварам, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ҳарчи бештар саҳм гузоранд»,-иброз доштанд Президенти мамлакат.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Дар оғоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони Форуми байналмилалӣ бо паёми видеоӣ муроҷиат намуданд.

АКС аз Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2023 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд