Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуданд, ки иштироки Роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кори ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни ду давлат хоҳад гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи татбиқи тавофуқоти зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳи майи соли равон бадастомада, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






