Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд

Сентябрь 4, 2023 12:10

ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов мулоқот доир намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид намуданд.

Дар ин замина ба густариши босамари робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон — яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Федератсияи Русия, изҳори алоқамандӣ карда шуд.

Тақвияту тавсеаи робитаҳои мустақими иқтисодӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои рӯзмарра арзёбӣ гардиданд.

Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ ва кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номбар шуданд.

Ҷонибҳо имконоту зарфиятҳои зиёди афзоиши тиҷорати мутақобила, ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин самтҳо таъкид намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, инчунин, алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.

Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари Раиси Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориро дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Русия таҳким хоҳанд бахшид.

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов 04.09.2023

Сентябрь 4, 2023 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд