Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

Сентябрь 27, 2023 12:30

ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд.

Вазъи корҳо дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, аз ҷумла ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, аҳолӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии машварати корӣ буданд.

Роҳбари давлат доир ба масъалаҳои гуфташуда ба иштирокдорони машварат ва роҳбарони дигар сохтору мақомот супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва муташаккилона гузаронидани он, инчунин бо сару либос ва озуқаворӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро махсус таъкид намуданд.

Машварати корӣ 27.09.2023

Сентябрь 27, 2023 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд