Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо пажӯҳиш, ҷамъоварию коркарди маълумот ва ҳамкории амиқи байналмилалиро тақозо менамояд»
ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши охири Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, бо номи «Вазъи иқлим» гармшавии ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.Ин иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дирўз, 20 сентябр садо доданд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, таъсири тағйирёбии иқлимро бештар эҳсос менамояд ва яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳон дар ин раванд маҳсуб меёбад. Офатҳои вобаста ба иқлим дар шакли ярч, сел, обхезӣ, хушксолӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон ҳамасола ба вуқуъ пайваста, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти инфрасохторӣ мешаванд.
«Дар ин замина, Тоҷикистон ба Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ба мусоидат дар такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, афзоиши сармоягузорӣ ва расонидани кумаки молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ равона гардидааст, аҳаммияти хосса медиҳад.Тоҷикистон яке аз кишварҳои озмоишӣ дар татбиқи ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид — “Огоҳии бармаҳал барои ҳама” мебошад.Дар ин ҷода мо омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва сохторҳои тахассусии он иброз медорем»,-тазаккур додан Пешвои миллат.
Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст. 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад.Обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажӯҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкории амиқи байналмилалиро тақозо мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






