«РӮЗИ МАКТАБ» ДАР БАДАХШОН. Ҳадафи он тақвият додани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аст
ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Рӯзи мактаб» эълон гардид ва тамоми кормандони ба муассисаҳои таълимӣ вобастагардида ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ рафта, бо муҳассилин вохӯрию суҳбат намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Чорабиниҳои мазкур дар доираи таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ шуда, ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишу муқаддасоти миллӣ, ҳамзамон ба самти пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии ин табақаи ояндасози ҷомеа равона шудаанд.
Зимни баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони милитсия доир ба масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим, омӯзиши илмҳои муосир, соҳибкасб гардидану дар оянда ба нафъи мардуми мамлакат хизмат намудан, дурӣ ҷустан аз оворагардию беҳудагардӣ, арзиши олӣ доштани муқаддасоти Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ сухан гуфтанд.
Ҳамзамон кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар мавзуъҳои риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва озмунҳои “Чароғаки роҳнамо”тадбирҳои профилактикӣ доир намуданд.
Дар зимн аз муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва аҳли ҷомеа даъват шуд, ки нисбат ба ояндаи ноболиғону ҷавонон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






