Камол Насрулло: «Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад»

Сентябрь 22, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол самари сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад, ки бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати маънавии худ пайгирӣ мешавад.  Ва ин беҳуда нест, зеро номи дурахшони Рӯдакӣ, шеъри оламшумули ӯ воқеан ҳуҷҷати ифтихори миллии на танҳо мо, балки ҳама тоҷикони дунё аст. Ифтихори миллии мо, тоҷикон аст, ки маҳз ин абарустоди сухан Одамушшуаро ва асосгузори адабиёти классикии тоҷик эълон гардидааст.

Дар мавриди осори гаронмоя ва каломи безаволи устод Рӯдакӣ, инчунин мавзуи «Рӯдакӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» таваҷҷуҳ намоед ба андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

-Дар олами илму адаб эътироф гардидаву собит шудааст, ки маҳз устод Рӯдакӣ бо каломи безаволи худ, ки дар он ғояҳои баланди инсониву башариро сурудааст, бунёди меъёри солими забони ноби адабии тоҷикиро гузоштааст, ки минбаъд бар зербуни он тамоми адабиёти пурифтихор ва  дар олам эътирофгардидаи классикиву имрӯзии мо бегазанд қомат афрохт.

Аз хидматҳои беҳамтову безаволи дигари устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, ба мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа… гузошта шудаанд. Барои як нобиғаи ҷаҳонӣ ин андак коре нест. Ҳол он ки боз аз даҳҳо хуҷастагиву навовариҳои эҷодиёти  устод Рӯдакӣ метавон ҳарф зад. Масалан, ин ки аксари кулли навиштаҳои ӯ баъд аз ҳазору анд сол ҳам аз ҷиҳати мавзуъ ва ҳам аз ҷиҳати забону баён имрӯзианду ба дарди халқ мехӯранд ва фардо ҳам ҳамнафаси рӯз хоҳанд монд.

Чунон ки гуфтем, таъсиси Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон самара ва ташаббусу дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо шарофати он 3 майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” илова ворид шуд, ки бар асоси он 22 сентябр дар саросари мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид.

Ин ҷо мехоҳам боз як санаи таърихии дигареро марбут ба ин мавзуъ ёдовар шавам, то дар муқоиса бубинем, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чӣ шарофат ва хуҷастагие барои миллати мо овардааст.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 1926  Вазорати маорифи Тоҷикистон  қароре ба тасвиб расонида буд, ки бар асоси он рӯзҳои дуюм ва сеюми ҷашни Наврӯз Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардиданд. Ҳарчанд ҳадаф аз он  таҳкими  худогоҳии таърихӣ, шинохти мероси ниёгон ва омӯзиши илму дониш буд  ва рӯзномаи “Овози тоҷик” паёмҳое даъваткунанда ба хонандагон мунташир сохт, аммо он замон  Рӯзи Рӯдакӣ  ба ҷашни миллӣ табдил наёфт ва бо дасисаҳои  бадхоҳону нотавонбинон, ки мероси фарҳангии ҳазорсолаи тоҷиконро нодида мегирифтанд, аз байн бурда шуд ва аз хотирҳо фаромӯш гардид.

Аммо дар замони мо ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ ба яке аз ҷашнҳои миллии мо табдил ёфт, ки ҳамасола пуршукуҳ гузаронида мешавад.

Сарвари давлат ба ифтихори таҷлили нахустин Рӯзи Рӯдакӣ паёме ба тавсиб расониданд, ки дар он омадааст:

“Имрӯз мо адолати таърихиро барқарор намудем. Ва рӯзи Рӯдакиро ба рӯзи миллии шеъру адаб ва илму фарҳанг табдил хоҳем дод. Мактаби бузурги шоирие, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷо аст.

Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири  тоҷик, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тамаддуни миллати мо аст. Шубҳае нест, ки ин ид ба болоравии ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзиву ояндаи тоҷик мусоидат менамояд ва масъулияти онро дар рушду камоли Тоҷикистон меафзояд”.

Ба андешаи банда, агар ба суханрониҳои Президенти Тоҷикистон дар мавридҳои гуногун бо таваҷҷуҳи бештар бингарем, мебинем, ки Пешвои миллатамон ба ҷуз аз иқдому ташаббусҳо нисбат ба базургдошту  поси хотири адибони бузурги гузаштаамон худ дар сафи муҳаққиқону донишмандони варзида дар шинохту баҳогузории онон ибрози андешаҳои пурарзиш доштаанд.

Масалан, ҳанӯз  моҳи апрели  соли 2020 дар мулоқоти навбатии сарони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Алмато баргузор гардида буд, зимни суханронӣ ин панди устод Рӯдакиро ёдовар шуданд, ки он тимсоли дурахшони бо роҳи накӯкориву хираду дурандешӣ ҳал намудани тазодҳои мураккаб ва пурпечутоби ҷаҳони имрӯза ва масоили тақдирсози ҳаёти башар мебошад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
На бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст, в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Пас аз овардани ин байтҳо Президенти Тоҷикистон  изҳор доштанд, ки “ба ақидаи ман, даъвати шоири бузурги инсонпарвар ба накӯкорӣ барои наҷоти  инсон ва ояндаи он имрӯз, вақте ки мо бо зуҳуроти нав ба нав рӯ ба рӯ мегардем,  комилан ба вазъияти кунунӣ ҷавобгӯ мебошад”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойи дигар таъкид намудаанд, ки “шеъри Рӯдакӣ дар таърихи мардуми куҳанбунёди мо амсоли гулбуни ҳамешабаҳоре аст, ки бо накҳати атрогинаш  зиндагии моро ҳамеша  муаттару мусаффо месозад. Шеъри Рӯдакӣ пайвандгари  наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик аст. Вай мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик хоҳад буд”.

Мавриди дигаре, ки Пешвои миллат бо ҳамон фазилати хоси худ  дар маърузаашон санад аз устод Рӯдакӣ овардаанд, моҳи августи соли 2003 дар Анҷумани  байналмилалии  “Оби тоза”, ки бо иштироки 50 давлати ҷаҳон дар шаҳри Душанбе  доир шуда буд, рух додааст. Президенти Тоҷикистон меҳмононро бо суханони машҳури Одамушшуаро Рӯдакӣ хайра мақдам гуфтанд. Каломи устод Рӯдакӣ озарахше буд, ки дилу дидаи иштирокдорони  анҷуманро равшан намуд ва кафкӯбиҳои самимонаи ҳозирин, истиқболи ниҳоят гармашон нишони арҷгузорӣ ба сухани баланди шоир ва ба ҳадаф расидани суханони Президенти мо буд.

Байти дигари устод Рӯдакӣ, ки аз забони Сарвари давлати тоҷикон дар ҷамъомаду ҷаласаҳои бошукуҳ борҳо садо додааст, ин аст:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Сарвари давлат дар яке аз ҷаласаҳои сатҳи баланди давлатӣ оид ба рушди мактабу маориф пас аз овардани байти боло моҳияти онро низ ба тариқи зайл шарҳ дода буданд:

“Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагиро нахустмуаллим ва роҳбари асосии инсон дар роҳи ҳалли мушкилҳо меҳисобад. Вале аз дидгоҳи ин шоири бузург ба таҷрибаи рӯзгор ва ҳаводиси ҷаҳон бо чашми хирад бояд нигарист. Ва ин ҳамаро танҳо аз роҳи илму дониш дарк бояд намуд. Зеро дониш хирадро сайқал дода, чун чароғи равшан ба инсонҳо роҳи росту дурусту некро нишон медиҳад, ӯро аз ҳама офату зарарҳо ҳимоят менамояд ва шахси донишманд ва хирадмандро дар чашми мардум муҳтарам мегардонад”.

Мо медонем, ки Сарвари давлатамон яке аз посдорандагони воқеии забони тоҷикӣ буда, дар гирифтани мақоми қавии давлатӣ ва рушду нумӯи имрӯзи он саҳми бузург гузоштаанду мегузоранд. Сарвари давлатамон пайваста изҳор менамоянд, ки забони мо ҳамон забони Устод Рӯдакӣ аст, ки бо он ҳама тару тозагӣ, покию беолоишӣ  то ба имрӯз пойдор аст ва бо ин забон яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, асилтарину зеботарин ашъор ва  муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳон офарида шудааст.

Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ  ба муносибати 1150-солагии устод Рӯдакӣ бо камоли ифтихору қаноатмандӣ гуфта буданд:

“Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал додаанд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, сабаби мондагорӣ ва густариш пайдо намудани он гардид ва имрӯз ин забон на танҳо ба мардумони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон  хизмат менамояд, балки чун забони байналмилалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги мардумони Осиёи Миёна, Қавқоз, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва давлатҳои дигар таъсири бузург гузоштааст. Ин ганҷинаи нодир ва саршор, бидуни шак, сарвати миллии тамоми мардумон аст”.

Таваҷҷуҳ ва муносибати хоссаи Сарвари давлат ба устод Рӯдакӣ буд, ки иқдоми баргузории ҷашни 1150-солагии устодро дар соли 2008  он кас худ моҳи сентябри соли 2006 дар Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе эълом дошта буданд ва минбаъд  тамоми омодагиҳо ба ҷашни устод Рӯдакӣ таҳти роҳнамоии  Президенти мамлакат амалӣ гардид.

Яке аз аввалин иқдом амри Президент аз 29 марти соли 2007 дар бораи бунёди Боғи устод Рӯдакӣ ва маҷмааи меъморӣ бо муҷассамаи шоир гардид. Боғи пешинаи  марказии  фарҳангу фароғатии  пойтахт дар бадали  беш аз як сол симои худро ба куллӣ  тағйир дод ва бо фаввораҳои рангини бешумор, гулгаштҳои назаррабо, роҳравҳои хуштарҳу нозанин, анвои дарахтони ҳамеша сарсабз аз тамоми гӯшаҳои дунё зебу оро ва шукуҳи тоза ёфт. Ҳамзамон дар оғӯши ин боғи биҳиштосо пайкарае, ки симои ҷавонии устод Рӯдакиро таҷассум менамояд,  қомат биафрохт.

Боғи устод Рӯдакӣ дар масоҳати қариб 13 гектар доман густурда,  майдони Дӯстӣ, маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ,  Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатиро ба ҳам пайванд месозад, ки  яке ба дигаре ҳусни тоза  ва шукуҳу шаҳомати  беандоза мебахшанд.

6 сентябри соли 2008 дар кохи Ваҳдат  таҳти унвони “Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон” бо иштироки намояндагони 30 давлати ҷаҳон Симпозиуми  байналмилалӣ доир гардид, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронии муфассал намуданд.

Ба андешаи Президенти мамлакат, Рӯдакӣ фарогири илму дониши Шарқу Ғарб буда, бо дарки эзидӣ рисолати миллатсоз ва масъулияти таърихии худро дарк намуда, адабиёти муҳташамеро бунёд гузошт, ки он дар гирдоби пурпечутоби таърих чун кӯҳ пойдор ва аз боду борони замон эмин бимонд.

Сарвари мамлакат хизматҳои беназири  устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуровро дар дубора ҳамчун шоири миллии тоҷикон ва ифтихори миллии онҳо  мақом пайдо намудани Рӯдакӣ таъкид намуданд.

10 сентябр пас аз тантана дар зодгоҳи Одамушшуаро- Панҷрӯд дар маркази шаҳри Панҷакент ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ  Пешвои миллат дар суханронии муфассали худ таъкид доштанд:

“Ман имрӯз  аз он ифтихор ва шукрона дорам, ки дар шаҳри бостонии Панҷакент – зодгоҳи устод Рӯдакӣ ҷашни зодрӯзи ин шоири  мутафаккир ва фарзонаи миллати тоҷикро баъд аз 50 соли  ҷашни гузаштаи ӯ дар шароити давлати озоду соҳибистиқлол ҳамроҳи шумо таҷлил менамоям. Муҳаққиқон ва донишмандон устод Рӯдакиро барҳақ “офтоби гавҳари Сосон”  ва “фурӯғи дудаи Сомон” гуфтаанд. Шеъри Рӯдакӣ дар таърихи мардуми куҳанбунёди мо ба монанди гулбуни ҳамешабаҳорест, ки бо накҳати  атрбораш зиндагии моро доим муаттару зебо месозад.  Шеъри Рӯдакӣ  пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик аст”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор таъкид намуданд, ки ватани устод Рӯдакӣ аз қадимтарин сарзамини Машриқзамин аст ва ин ҳақиқатро таърихи шашҳазорсолаи Саразм ва Панҷакенти қадим собит месозад. Ва мояи ифтихори мардуми тоҷик аст, ки Панҷакентро “Помпеи Шарқ” ва “Флоренсиси хурд” номидаанд.

Қалбҳои аз муҳаббат ва ифтихор  саршори миллати тоҷик нисбат ба устод Рӯдакӣ дар суханони зерини  Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтаанд:

“Меҳри азалӣ  ба ватани аҷдодӣ, муҳаббат ба диёри бостонӣ, насл ба насл пос доштани забони шаҳдбору шоиронаи Рӯдакӣ  ва пайвандҳои ҳазорсолаи гузаштаву имрӯза қутбнамое мебошанд, ки моро ба сӯи ояндаи нек ва бозёфтҳои тоза роҳнамоӣ менамоянд.

Бигзор дар ҳар иқдоми хайри мо руҳи Рӯдакии бузургвор ёру мададгор бошад. Бигзор, кохи шеъри пайафкандаи Рӯдакӣ то абад бегазанд боқӣ монад!”.

Бисёр ҷолиб аст, ки ҳар сол ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳқиқот ва пажуҳишҳои нав ба нави илмӣ интишор меёбанд. Имсол низ бо ташаббуси муассисаи нашриявии ”Адиб”  китоби бисёр пурарзиши “Гулбонги бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и Раҷабалӣ Қудратзода, ки  ба пажуҳиши ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ бахшида шудааст, аз чоп баромад, ки рӯнамои он дар қатори китобҳои дигари тозаинтишори  нашриёти “Адиб” дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир шуд. Бояд бо изҳори сипос гӯям, ки санаду андешаҳое  аз ин китоби пурарзиш дар мақолаи мо истифода шудааст.

Мавзуи “Рӯдакӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” воқеан мавзуи ҷолибе аст, ки ҳанӯз ногуфтаҳои зиёде дорад, ки таҷассумгари муносибати ғамхоронаву сиришти неки Сарвари давлатамон дар мавриди қадршиносии фарзандони бузурги миллатамон мебошад. Метавон аз муносибати ғамхоронаву олимонаи  Пешвои миллат дар мавриди шинохту қадрдонии дигар фарзандони нобиғаи миллат, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абӯали ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода,  дигар бузургони илму адаб ва аслан муносибати нек ва сиришти олимонаашон нисбат ба фарҳангу маърифат ва илму адаби миллати бостониямон низ фаровон сухан ронд.

Хеле хубу ҷолиб аст, ки Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно, рӯзҳои дигаре, ки дар онҳо бузургдошту ҳамоишҳои илмию фарҳангии мамлакат пайваста доир мешаванд, вомедоранд, ки мо дар ҳавои эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарҳанги куҳанбунёдамон зиндагӣ ва кор намоем. Зеро онҳо ҳама ҳадафҳои бузурги худшиносиро пайгирӣ ва моро ба ваҳдату ягонагии миллӣ ҳидоят менамоянд.

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ
«Ховар» 

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд