Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ, бахусус саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон намояндагони соҳаи фарҳанги ду давлат бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон роҳбари Маркази миллию фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Узбекистон Гуландом Субҳонова бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, густариши дӯстии анъанавӣ, шарикии стратегӣ ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ роҳбари ансамбли шашмақоми «Нури Ниёгон»-и вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳратҷон Набиев бо ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Узбекистон мушарраф гардид.
Тақдими мукофотҳо ҷиҳати фаъолияти бисёрсолаи самараноки эҷодӣ, саҳм дар рушд ва тарғиби фарҳанг, иштироки фаъолона дар муаррифии мероси бойи фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷику узбек дар арсаи байналмилалӣ, инчунин фаъолияти намунавӣ дар ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳо ва анъанаҳои муштарак мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






