«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 9 апрел дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибон, олимон ва коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мешавад. Фестивал ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.
Дар фестивал намоиши маҳсули дасти кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон, сурат-далел аз ҷараёни баргузории фестивалҳои гузашта, порчаҳо аз намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва намоиши Сирки давлатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 2 апрел дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон маҳсуб мешавад. Ин сана шуруъ аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад. Адабиёти кӯдакон аз ҷанбаҳои муҳимтаринест, ки ба онҳо таълим дода, ҷаҳонбинии наврасонро васеътар мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






