Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад

Март 27, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 май ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад. Моҳи май дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Мирзо Турсунзода-шоири миллӣ ва шахсияти барҷастаи ҷаҳонӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мегардад.

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ», «Мақоми Мирзо Турсунзода дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик», «Мирзо Турсунзода-шоири ватандӯсту ватансаро», «Таблиғи андешаҳои миллӣ ва башардӯстона дар осори Мирзо Турсунзода», «Саҳми Мирзо Турсунзода дар густариши равобити адабии байни халқҳо» ва ғайра маърузаҳо пешниҳод мегарданд.

Тавре академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, барои миллати мо кору пайкори эҷодии фарзанди фарзонаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, барандаи чандин ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, шоири бузурги адабиёти муосири тоҷик, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода намунаи олии садоқат ба Ватан, хидмат ба он, тараннуми сулҳу осоиши мардуми ҷаҳон ва шукуфоии ҳаёти ҷумҳурии азизамон будааст.

Мероси адабиву илмиву публитсистии шоири бузург, ки бар пояи суннатҳои устувору қавии адабиёти оламшумули гузаштаи миллии мо ва бо фарогирии дастовардҳои эҷодии адабиёти халқу миллатҳои гуногун офарида шудааст, оганда аз орзуву омол, шодиву сурур ва ғаму дарди тамоми мардуми олам мебошад.

Дар тамоми осори Мирзо Турсунзода аз нахустин маҷмуаи «Байрақи зафар», ки соли 1932 ба нашр расидааст, то охирин навиштаҳояш- хоҳ бадеӣ, хоҳ илмӣ ва хоҳ публитсистӣ бошанд, васфу ситоиши Ватан мавҷ мезанад ва ин аз мавзуъҳои аслӣ ва меҳварии шоири озода буда, аз ишқу алоқаи зиёдаш ба таърихи пурифтихору табиати бемонанди Тоҷикистон башорат медиҳад.

Қимати шеъри шоир «Оҳанрабо» бо гузашти солҳо заррае кам нагардида, асолати хешро ҳифз намудааст:

Он қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ, Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.
Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман,
Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.
Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзандаӣ!
Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзандаӣ!
Дар адои хизматат тозад ба сар, арзандаӣ!
Аз сарат пошанд мардум симу зар, арзандаӣ!
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.

Мирзо Турсунзода-фарзанди бузурги халқи тоҷик, пеш аз ҳама, вассофи Ватани азизи худ, ин марзу буми аҷдодӣ ва аз тарафи дигар, олим, муҳаққиқ ва пажуҳишгари шинохтаи риштаи адабиёт ва илму фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик буд.

Бояд гуфт, ки муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 27, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид