ШАҲРАКИ ТАХТИ САНГИН-АСРҲОИ IV ТО МЕЛОД – III МЕЛОДӢ. Тамошои ин ёдгорӣ аз дурбини АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин як гурӯҳ коршиносону мутахассисон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ бо ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ шинос шуданд.

Шаҳраки Тахти Сангин дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳали ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.

Шаҳраки Тахти Сангин ба асрҳои IV то мелод-III мелодӣ мансуб буда, таҷассуми маданияти элинӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри замони антиқа бо сабки юнонӣ сохта шудааст. Тахти Сангин мавзеи таърихие аст, ки димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин ёдгории таърихӣ пешниҳод мегардад.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар
Душанбе-Қубодиён-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар

Сентябрь 9, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид