ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, шанбе, 245-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 2, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1931 дар шаҳри Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Сурх» нашр шуд.

***

2 сентябри соли 1939 дар Британияи Кабир қонун дар бораи хизмати миллӣ дар армия барои мардони аз 18 то 41-сола қабул гардид.

***

83 сол муқаддам, 2 сентябри соли 1940 нишони фарқкунандаи маршалҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ- «Ситораи маршал» ҷорӣ шуд.

***

Соли 1958 дар Чин аввалин стансияи телевизионӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

2 сентябри соли 1993 Узбекистон дар бораи то соли 2000 иваз намудани ҳуруфоти худ аз кирилӣ ба лотинӣ эълон нашр намуд.

***

2 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои шоёни таҳсин намудаанд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

***

14 сол пеш, 2 сентябри соли 2009 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин ҷаласаи якҷояи минтақавии комиссияҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масъалаҳои наздисарҳадӣ баргузор гардид.

***

12 сол пеш, 2 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гардид, ки дар он  сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро баррасӣ намуданд.

***

2 сентябри соли 2015 дар шаҳри Пекин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ ба имзо расид.

***

2 сентябри соли 2017 дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии «Хуавей» хонум Лин Жуйтси масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуданд.

2 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Ветнам – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Русия – Рӯзи гвардия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сотим Улуғзода- соли 1911- нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1951), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Сентябрь 2, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, панҷшанбе, 120-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 апрел, чоршанбе, 119-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 апрел, сешанбе, 118-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, душанбе, 117-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, якшанбе, 116-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, шанбе, 115-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, ҷумъа, 114-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, панҷшанбе, 113-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, чоршанбе, 112-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, сешанбе, 111-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, душанбе, 110-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, якшанбе, 109-умин рӯзи соли 2026 аст