ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ! 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад

Сентябрь 4, 2023 19:33

ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар мамлакат 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳим дар тамоми вазорату идораҳо, вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳо, кӯчаю маҳаллаҳо, деҳаҳо ва шаҳраку деҳот маҷлисҳои тантанавӣ, варзишӣ доир мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

8 сентябр дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор мегардад. 9 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт сайругашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва бозиҳои варзишӣ бо иштироки озодонаи сокинони шаҳр ташкил мешавад.

Ҳамзамон аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида  мешавад.

Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд.  Аз ҷумла,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши  вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,

— дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,

— дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,

— дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,

— дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.

Ҳамзамон 14 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2023 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд