ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар Душанбе бо мақсади тақвият додани масъулияти шаҳрвандӣ ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 23, 2023 08:40

ДУШАНБЕ, 23.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» байни ҷавонони аз 17- сола боло ва волидайни онҳо дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон мавриди таваҷҷуҳу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бо қабули қонуни мазкур низоми дахлдори тарбияи ватандӯстӣ ташаккул ёфта, дар заминаи сохторҳои мухталиф дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Қабули қонун хусусан дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки ҷавонони даврони истиқлол ҳамқадами  марҳилаи нави таърихӣ буда, бояд дорои мавқеи устувор, андешаҳои ваҳдатофар ва тарғибкунандаи ҷомеа ба сӯи иттиҳод ва ваҳдат бошанд.

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои рушди минбаъдаи давлат ва ҳимояи марзу буми ҷумҳурӣ, инчунин ободии мамлакатамон бо қадамҳои устувор ва андешаҳои созанда талош варзанд ва баҳри ҳифзи марзу хоки Ватан садоқатмандона хизмат намоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2023 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд