ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАМНУЪГОҲИ «БЕШАИ ПАЛАНГОН». Дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ташкил шуданд

Сентябрь 26, 2023 08:33

ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мояи хушнудӣ аст, ки дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид. Адиби табиатшинос Маҷид Салим вобаста ба ин рӯйдоди муҳим мулоҳизаҳои худро ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон камтарин аз давлатҳои ҷаҳон аст, ки дар ҳудуди он калонтарин ва нодиртарин мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои муосири мувофиқ барои парваришу нигоҳубини олами набототу ҳайвонот ҷой гирифтаанд. Аз ҷумла, дар қатори мамнуъгоҳҳои табиии Даштиҷум, Сарихосор, Зарафшону Зоркӯл, Ромит Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» калонтарин мавзеи махсуси муҳофизатшаванда мебошад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ҳидоят ва талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари олам чун мамлакати дорои захираҳои бойи табиии обу пиряхҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, табиати афсонавӣ ва фарҳанги тамаддунсоз муаррифӣ гардидааст.

Бешубҳа, мамлакати мо дорои захираҳои бойи табиӣ, обҳои шифобахшу канданиҳои фоиданок мебошад. Дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ташкил шудаанд. Зеро давлати офтобии мо олами нотакрори наботот, ҳайвонот ва шароити мусоид дорад.

Водии Вахш чун дигар гӯшаҳои нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бой ва рангин дошта, бо иқлими гуногун ва замини ҳосилхезаш кайҳост, ки диққати олимону муҳаққиқонро ба худ кашидааст.

Азхудкунӣ ва киштукори заминҳои водии Вахш ҳанӯз аввалҳои солҳои 30-юми асри XX оғоз ёфта буд. Солҳои 30-юми асри гузашта дар қатори дигар сокинони маҳаллӣ аз кӯҳистони дурдаст низ аҳолиро ба водии Вахш мухоҷир намуданд ва дар натиҷа ба ҷои қамишзору гӯшаҳои табиӣ бунёди колхозу совхозҳо шуруъ гардид. Дар натиҷаи ташкилшавии хоҷагиҳо ҷонварону парандаҳои нодир макони одамонро тарк намуданд ва ба муҳити зист зарари калони манфӣ расид. Ҳаводиси рухдода зарурати созмон додани мамнуъгоҳро дар ин водӣ ба вуҷуд овард. Ба хотири пешгирии зарари минбаъда бо қарори Комиссариати халқии зироати Тоҷикистон Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» таъсис ёфт, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин мамнуъгоҳ буд.

Дар адабиёти илмӣ-оммавӣ он бо номҳои «Бешаи палангон», «Полвонтуғай», «Ҷангали палангон», «Мавзеи баброн», «Қурӯғи палангҳо» ёдовар шудааст. Дар он айём масоҳати умумии мамнуъгоҳ 50 ҳазор гектар буд ва аз соли 1941 он ба ихтиёри филиали Тоҷикистонии Академияи фанҳо ва баъдтар ба ихтиёри Академияи фанҳои Тоҷикистон вогузошта шуд.

Масоҳати мамнуъгоҳ аввал то ба 27 ҳазор гектар ва баъдан боз то ба 41 ҳазор гектар васеъ гардида, аз ихтиёри филиали Ҷумҳурии Тоҷикистонии Академияи фанҳо бозпас гирифта шуда, ба Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон шомил гардид.

Феълан мамнуъгоҳ дар ихтиёри Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақсади таъсиси ин мамнуъгоҳ- нигоҳдошти муҳити табиии поёноби дарёҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дарёи Вахшу Панҷ барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва мушоҳидаҳои мониторингӣ буд. Ҳалли ин масоил гуногунҷабҳа буда, вазифаи муҳиму рӯзмарраи он омӯзиши равиши инкишофи табиӣ дар экосистемаҳои минтақаи муайян аст. Олими шинохта Г.А. Коженников оид ба мамнуъгоҳҳо чунин иброз намудааст: «Мақсади ниҳонии мамнуъгоҳ- дарки қонунҳои эволюцияи олами органикӣ мебошад». Агар возеҳтар ин масоилро ташреҳ диҳем, «мақсади асоси тадқиқоти илмии мамнуъгоҳ омӯзиши қонунҳои инкишофи табиат баҳри нигоҳдошти тавозуни экологӣ, мадад намудани мувозинати табиии минтақавӣ ва умумии биосфера барои дар равиши фаъолияти хоҷагидории бошуурона муносибат намудан ба он мебошад». Аз тарафи дигар, ҳадафи тадқиқоти илмӣ ошкор намудани вазъи воқеии мамнуъгоҳ аст.

Омӯзиш ва таҳқиқи Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ва умуман ин минтақа ҳанӯз солҳои нахустини азхудкунии водии Вахш оғоз ёфтааст. Маҳз бо таклифу пешниҳоди олимону мутахассисон соли 1932 иштирокчиёни экспедитсияи комлексӣ дар поёноби дарёи Вахш аввалин натиҷаҳои илмии худро бобати таъсиси мамнуъгоҳ пешниҳод доштанд. Соли 1936 ба Комиссариати халқии замини ҷумҳурӣ дар бораи гузарондани тадқиқоти иловагӣ дар ҳудуди Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва Тошработ чун маҳалли ташкил намудани аввалин мамнуъгоҳ супориш медиҳад. Экспедитсияи бозрасии давлатии шикори Тоҷикистон дар асоси тадқиқоти илмии худ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дар барои ташкил намудани мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» таклиф пешниҳод намуд.

Шуруъ аз ҳамон давра аз ҷониби олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо сафарҳои илмӣ анҷом ёфтанд. Робитаи муҳаққиқон ва онҳое, ки корҳои илмӣ- пажӯҳишӣ мебурданд, бо маъмурияти пажӯҳишгоҳ беҳтар гардид. Дар ин муддат аз ҷониби олимон тамоми релефи мамнуъгоҳ, обу хок, ҷангал, растаниҳо ва олами ҳайвоноту парандагони мамнуъгоҳ ҳамаҷониба таҳқиқ шуд. Муқаррар гардид, ки Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар ҳақиқат дар Осиёи Марказӣ ягона мавзее аст, ки дар он комплекси биёбонии туғай, минтақаи субтропикии хушк боқӣ мондааст.

Тайи солҳои гуногун олимону пажуҳишгарони боистеъдод, ба монанди С.У Строгонов, Н.П Овчинников, А. Абдусаломов, С.Алиев, Т. Сатторов, Ю.С Григорев, Е.Н Павловский, К.К Фролов, С. Давидов, Ломов, Молотковский, Потапов, Сапожников ва ғайраҳо дар инҷо корҳои илмӣ бурда, дар ин хусус рисолаву адабиёти зиёде ба нашр расонидаанд.

Масалан, табиатшиноси ленинградӣ Р.Л. Потапов ба мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» омада, баъди аз наздик шинос шудан ва омӯзиши мамнуъгоҳ китоби илмӣ-оммавии «Дар Бешаи палангон»- ро аз чоп мебарорад.

Китоби муҳаққиқ Р.Л Потапов фарогири боигариҳои бебаҳо ва табиати нотакрори мамнуъгоҳ буда, бо чунин мазмун шуруъ гардидааст: «Вақте ки шумо аз туғайзор, аз байни анбӯҳи қамишзору буттаҳои зичи ба ҳам пайваст мегузаред, беихтиёр навиштаҳои сайёҳони ҷангалҳои касногузари Амазонка ба хотиратон мерасад, қамишзори Осиёи Миёна ҳам касногузар мебошанд. Дар инҷо одами чолок ҳам бо душворӣ қадам мегузорад ва баъд аз 500-600 метр роҳ гаштан ҳатман монда шуда, ба рӯи қамишҳо мехобад. Вале баданаш ба хок намерасад, зеро анбӯҳи қамишҳо бистари мулоимро ташкил медиҳанд, ки ғафсии онҳо 1-1,5 метр мебошад. Чунин аст мамнуъгоҳи «Бешаи палангон…».

Омӯзиши олами набототу ҳайвонот ва иқлими мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ҳоло низ ба таври васеъ идома дорад. Солҳои охир равшан шуд, ки баъзе мавзеъҳои мамнуъгоҳ ба номҳои сайёҳон ё ҷангалбонҳо гузошта шудаанд. Масалан, кӯлҳои Болобанов, Дедов, Фомкин, Пионер, Ҳалқакӯл, Тарзан, Королевский…

Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубӣ – ғарбии ҷумҳурӣ, дар резишгоҳи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Мамнуъгоҳ аз ҷанубу шарқ ва шимолу шарқ ба масофаи 20 километр тӯл мекашад. Ин мавзеи афсонавӣ қамишзори анбӯҳи ду соҳили рӯди Вахш, биёбони қумзори Қашқақум ва Бӯритов, ҳамчунин пасткӯҳҳои фарохи кӯҳҳои Ариқтов ва Хоҷа Қозиёнро ба оғӯш гирифтааст. Баландии сатҳи водии Вахш дар ҳудуди мамнуъгоҳ аз сатҳи баҳр 320-325 метр буда, баъзе мавзеъҳои чапи соҳили мамнуъгоҳ дар дашти Қашқақум то 530 метр ва кӯҳҳои Хоҷа Қозиён то 1000-1200 метр баландӣ доранд.

Дар худуди мамнуъгоҳ аз гузаштаи маҷрои дарёи Вахш кӯлҳои бешуморе ба вуҷуд омадаанд, ки дар онҳо набототу буттаҳои гуногун сабзиш менамоянд. Баъзеи ин кӯлҳо то 2-4 километр дарозӣ дошта, чуқурии онҳо 10-15 метрро ташкил додааст. Тобистони мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» хеле гарм ва тафсон аст. Ҳарорати ҳаво бениҳоят баланд мешавад. Дар ин соатҳо аксари ҷонварон ба лонаҳои зеризаминии худ ё ба зери буттаю саксавулзор пинҳон мешаванд. Дар ин айём дар майдонҳои васеи мамнуъгоҳ, дар кӯлу ботлоқ бухоршавии об рух дода, ҳаво нисбатан намнок мегардад. Танҳо баъди чунин рӯзҳо шабона салқин шуда, ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа паст мефарояд.

Дар ҳудуди мамнуъгоҳ шамолҳои сахту ғубордор мунтазам ба амал меоянд. Моҳҳои декабр, январ ва даҳрӯзаи аввали моҳи феврал зимистон ҳукм меронад. Ҳарорати миёнаи моҳи январ (хунуктарини сол) – 0,5- 0,9 дараҷа аст. Баъдан хунукиҳои сахт мушоҳида мегарданд, вале барф дар ҳудуди мамнуъгоҳ тез об мешавад. Дар зимистону аввали баҳор (феврал — апрел) миқдори бориш 70 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Масофаи маркази мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» то шаҳри Душанбе 200 километр аст. Тибқи тақсимоти маъмурӣ, аввал қисмати соҳили рости мамнуъгоҳ ба ноҳияи Шаҳритус, қисмати соҳили чапаш ба ноҳияи Қумсангир тобеъ буд. Дар айни замон заминҳои ҳудуди мамнуъгоҳ ба ноҳияи Дӯстиву Қубодиён тааллуқ доранд.

Дар ҳудуди Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар қатори ҳайвоноти нодир ва мурғи даштӣ тазавр, 33 намуди ширхӯрон, шағолу гурбаи ёбоӣ, боз 26 намуди гуногуни хазандаҳо мавҷуд мебошанд, ки ҳоло ба намудҳои камшумори онҳо диққат медиҳем. Дар мамнуъгоҳ морҳои куброи осиёмиёнагӣ, гурза, мори афъии регзор, тирмор дучор мешавед, ки хеле хавфнок мебошанд. Морҳои куброи осиёимиёнагӣ ва гурза дар туғайзори мамнуъгоҳ ва мори афъӣ дар чӯлу регзор зиндагӣ менамоянд.

Дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аз хазандаҳои калон «тимсоҳи биёбонӣ»- сусмор вомехӯрад. Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз гӯшаҳои нотакрори Тоҷикистон ва макони пурасрори табиӣ буда, робитаи доимии олами наботот ва ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ инъикос менамояд. Ва шомил гардидани мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО сабаби он мегардад, ки мамнуъгоҳ дар оянда ба маъвои писандидаи табиатдӯстону сайёҳон табдил ёфта, қалби ҳазорон меҳмононро тасхир намояд.

Маҷид САЛИМ,
адиби табиатшинос

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 26, 2023 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон