ТАШАККУЛИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Андешаҳо дар ҳошияи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2023 10:44

ДУШАНБЕ, 16.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 15-уми сентябр ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид.

Дар робита ба ин ду чорабинии муҳим докторант (PhD)-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахт Содиқзода ба АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд:

— Баргузории мулоқотҳои мазкур ба ташаккули муносибатҳои минтақавӣ ва равобити байнидавлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Бахусус масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт, ҳамкории фаромарзӣ ва мубориза бо терроризм имконият медиҳанд, ки бештар мавриди баррасӣ қарор дода шаванд. Ба ғайр аз ин, аҳамияти нигаҳдории мувозинати экологӣ дар минтақа барои муҳофизати муҳити зист якчанд тадбирҳоро аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал талаб менамояд.

Ҳамгироии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои барқарор намудани баҳри Арал муҳимияти хоссаеро фаро мегирад, зеро роҳи ҳалли мушкилот бештар ба мамлакатҳои минтақа вобаста аст. Аз ин лиҳоз, татбиқи лоиҳаҳои истифодаи захираҳои обии обҳои Амударё ва Сирдарё яке аз чораҳои асосии наҷоти баҳри Арал ба ҳисоб меравад. Давлатҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ин замина изҳор намуда, ба таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ омода мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои муҳими геостратегии қитъаи Осиё ва ҷаҳон мебошад, ки паҳноии ҳудуди он дар ғарб аз баҳри Хазар, дар шарқ Муғулистону Чин, дар ҷануб Афғонистон ва Эрон ва дар шимол то сарҳади Русия тӯл мекашад.

Ҷуғрофишиноси Ғарб Александр Вон Ҳумболдт яке аз аввалинҳо шуда, минтақаи «Осиёи Марказӣ» – ро ҳамчун минтақаи алоҳидаи сайёра тасниф намуда, иброз доштааст, ки Осиёи Марказӣ дар қитъаи Осиё дар баландии 2 дараҷаи шимол ва 2 дараҷаи ҷануб бо 1,5 дараҷа мавқеи арзии кураи Замин қарор гирифтааст.

Бо сабаби дар байни ду дарё- Омӯ ва Сир канор гирифтани сарҳади Осиёи Марказӣ дар асрҳои миёна онро «Мовароуннаҳр» меномиданд.

Мамлакатҳои Осиёи Марказиро на танҳо вобастагии сарҳадӣ, балки мероси ягона, пеш аз ҳама, дидгоҳи муштарак ба дурнамои рушди равандҳои ҳамгироӣ муттаҳид менамояд. Аз ин рӯ, давлатҳои минтақа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мушкилоти рушди минтақавиро мушаххас баррасӣ намоянд ва саҳми ҳар мамлакатро барои ташаккули муколамаи ҳамкории фаромарзӣ муҳим арзёбӣ намоянд.

Осиёи Марказӣ аз давраи қадим ба сифати минтақаи тиҷоратӣ шинохта шуда буд ва бо роҳи Абрешим алоқаманд буд. Дар гузашта аз ҳар гӯшаи ҷаҳон тоҷирон барои савдои молу маҳсулот ба ин минтақа меомаданд ва ё ин минтақаро ҳамчун роҳи транзитӣ истифода менамуданд. Минтақаи Осиёи Марказӣ дар маркази Авруосиё қарор гирифта, Аврупоро бо Осиё, Шарқи Наздикро бо Қафқоз, Осиёи Шимолиро бо Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳам пайванд менамояд.

Шояд дар гузашта вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии худ иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи рушд қарор надошт, зеро монеаҳои роҳу нақлиёт ва бунбасти коммуникатсионӣ сабаб мешуданд. Аммо, ҳоло ки вазъият тағйир ёфтааст, бо бунёди нақбу пулҳо инфрасохтори нақлиётии минтақа ташаккул ёфта, ба сифати минтақаи тиҷоратӣ дар қитъаи Авруосиё эътироф шудааст.

Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ беш аз 100 халқу миллат зиндагонӣ менамоянд, ки шумораи умумии сокинони минтақаро беш аз 70 миллион нафар ташкил медиҳад.

Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, соли 2020 шумораи аҳолии Осиёи Марказиро 74 миллиону 5 ҳазору 626 нафарро ташкил додааст, ки 1% — и шумораи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Сатҳи таваллуд дар 20 соли охир афзоиш ёфта, тақрибан 3 нафар кӯдаки таваллудшуда ба 1 зани синни репродуктивӣ рост меояд ва ин вазъият дараҷаи мусбати сатҳи демографии аҳолии минтақаро нишон медиҳад.

Нақши Осиёи Марказӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун манбаи содироткунандаи ашёи хом муҳим арзёбӣ мегардад. Минтақаи Осиёи Марказӣ дорои захираҳои фаровони табиӣ, пеш аз ҳама, зеризаминиву обӣ, ба монанди маъданҳои кӯҳӣ, металлҳои нодир, истеҳсолоти ангишт, кокс, антрасит, газ, нафт, металлҳои ранга, арзиз, сангҳои қиматбаҳо, уран, алюминий, полиметаллҳо, тилло, нуқра, сурб, синк, висмут, симоб, волфрам, мобилден, азот, масолеҳи сохтмонӣ, мошинсозӣ, пилла, саноати сабук, коркарди пахта, хӯрокворӣ ва ғайра мебошад. Нефт, газ, ангишт, металл ва маҳсулоти кишоварзӣ дар айни замон бештар ба бозори ҷаҳонӣ содирот мешаванд ва талабгорони худро доранд.

Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангии давлатҳои Осиёи Марказӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷии давлатҳои минтақа ба ҳисоб рафта, ҳамкории давлатҳо баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Пеш аз ҳама, гузаштаи начандон дур, ки ин давлатҳо аъзои низоми ягонаи воҳиди сиёсӣ ва иқтисодӣ буданд, сабаби густариш ёфтани муносибати дӯстонаи байниҳамдигарии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ гардид.

Мамлакатҳои Осиёи Марказӣ авлавияти сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои минтақавӣ муайян ва амалӣ менамоянд.

Тавсеаи муносибатҳои минтақавӣ дар асоси баробарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ–техникӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, илму маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва самтҳои дигар ба ҳисоб меравад.

Хулоса, дар замони муосир саҳми давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳифзи субот ва таъмини амнияти минтақавӣ нақши муассир дошта, ҳамзамон иқтидори нақлиётию транзитии минтақа дар таҳкими ҳамкории иқтисодии байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар ҳолати вусъат бахшидани таҷрибаи равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, ҳамкории чандинҳазорсола ва созанда метавонанд, ки ба муқобили ҳар гуна хатару чолишҳо бо кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ истодагарӣ намоянд. Ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавӣ муҳимтарин воситаи ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Хушбахт СОДИҚЗОДА,
докторант (PhD)-и Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

 

Сентябрь 16, 2023 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет