«ВАТАНПАРВАР» ВА «ҲОМИЁНИ ВАТАН». Байни сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни афсарону сарбозон таҳти унвони «Ватанпарвар» ва «Ҳомиёни ватан» чорабиниҳои гуногуни варзишӣ баргузор шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузор намудани мусобиқаҳо — самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани руҳияи афсарону сарбозон дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан, шинос шудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо мебошад.
Дар қисми низомӣ барои афсарону сарбозон шароити мусоиди хизмат ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои қӯшунҳои мусаллаҳ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, иншооти зарурӣ бунёд ва ҷузъу томҳоро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин менамоянд.
Дар анҷоми мусобиқаҳо ба ғолибон ва ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ сипосномаҳо, дипломҳо, медалу ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






