Вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ дар Душанбе масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиётро баррасӣ менамоянд

Сентябрь 11, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе 13 сентябр баррасӣ мегардад.

Дар Вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи нахустини вазирони  нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе баргузор мегардад.

Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ  масоили ҳамкориро  дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуда, интизор меравад, ки санадҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ба имзо расонида шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар пойтахти Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд, ки ба дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу  гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Форуми иқтисодӣ, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, муколамаи занони  Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи рассомон, нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 11, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ