Зимни амалиёти махсус дар терминали мусофиркашонии Бадахшон аз сифати хизматрасонӣ изҳори нигаронӣ гардид

Сентябрь 19, 2023 16:08

ХОРУҒ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи  Бозрасии давлатии автомобилии  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади санҷиши вазъи хизматрасонии воситаҳои нақлиёти мусофирбар, шароити хадамоти техникӣ, иҷтимоӣ ва санитарӣ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амалиёти махсус баргузор намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки на дар ҳамаи терминалҳо ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аҳамият дода мешавад. Дар терминали хати сайри Хоруғ-Душанбе баъзе аз ронандагони мошинҳои мусофирбар берун аз терминал дар шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма мошинро  нигоҳ дошта, ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонанд.

Ҳатто мошинҳое ба назар расиданд, ки дар муқобили хати ҳаракат истодаанд, ки ин хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад. Он воситаҳои нақлиёте, ки дар дохили терминал интизори мусофирон буданд, низ низом ва тартиби муайян надоштанд. Ҳар ронанда дар паи ҷустуҷӯи мусофир аст ва барои пайдо намудани як мусофир дигарон маҷбур мешаванд, ки соатҳо дар даруни мошин мунтазир бимонанд.

Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ, ки дар терминал ба назар расид, ин фарқ накардани ронандагон аз мусофирон буд. Ин дар ҳоле аст, ки дар мамлакатҳои дигар ронандагони чӣ нақлиёти ҳавоию заминӣ ва чӣ обӣ либоси хоси худро доранд ва қабл аз сафар на танҳо худ ба терминал бо либоси тозаву озода ҳозир мешаванд, балки нақлиёти худро низ поку тамиз намуда,  ба сафар омода мешаванд.

Дар терминали мусофиркашонии  назди бозори «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ  низ ҳамин нуқсу камбудиҳо ба назар расиданд. Ин терминал ба ронандагоне, ки мусофиронро ба самти ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон  интиқол медиҳанд,  хизмат мерасонанд. Дар ин ҷо худи масъулини терминал, назоратчиёну танзимгарон ва табибон утоқи корӣ надоранд. Пас чӣ гуна онҳо метавонанд, ки ба ронандагон мутобиқи меъёри қабулшуда хизмат расонанд?

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии вилоят аз масъулини терминали мазкур ба таври ҷиддӣ тақозо намуданд, ки дар зудтарин фурсат ин камбудиҳои  ҷиддиро ислоҳ намоянд. Агар ин нуқсонҳо дар муҳлати муайяншуда бартараф нагарданд, он гоҳ масъалаи бекор намудани иҷозатнома ва ё худ литсензия ба миён меояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд