1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 29.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Минск нишасти Комиссияи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмен)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
Ба ҳайати комиссия омбудсменҳои кӯдакон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомил мебошанд.
Рӯзномаи ҷаласа ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бар мегирад.
Кори комиссияи омбудсменҳои ҳуқуқи кӯдакони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси ҷониби Русия таъсис ёфтааст, соли равон тақвият ёфт. Дар нишаст табодули таҷриба доир шуда, иштирокдорон имкон пайдо менамоянд, ки доир ба масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон назари худро баён созанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






