27-28 октябр дар Душанбе «Шоми бокс» ва «Дави бокс» баргузор мегардад

Октябрь 26, 2023 15:42

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи бокси Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар ҳамкорӣ ба Федератсияи ҷаҳонии бокс бо иштироки доираи васеи варзишгарони ватанӣ 27-28 октябр мусобиқаи оммавӣ-варзишии  «Шоми бокс» ва «Дави бокс» баргузор менамояд.

Гуфта мешавад, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар самти таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, инчунин ғамхории доимӣ ҷиҳати дастгириҳои молиявию моддии варзишгарони муваффақи диёр ва имконияти баргузории мусобиқоти бошукуҳи варзишии сатҳи байналмилалӣ ҷиддан кор бурда шуда, варзишгарони мо пайваста ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.

Дави бокс дар се марҳила: барои кӯдакону наврасон дар масофаи 500 метр, барои калонсолон – 6 км ва барои варзишгарони касбӣ ба масофаи 10 км гузаронида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2023 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид