28 ОКТЯБР- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУДО. Он ба гӯштини миллии тоҷикӣ пайванди зиёд дорад

Октябрь 28, 2023 10:15

ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр- Рӯзи байналмилалии ҷудо. Ин сана ба рӯзи таваллуди асосгузори дзюдо  Дзигаро Кaнo рабт дорад. Рӯзи ҷудо аз соли 2011 бо ташаббуси Федератсияи байналхалқии ҷудо эълон гардидааст.

Гӯштини ҷудо аввалин навъи варзиши размӣ аст, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат,   аввалин маротиба соли 2008 медали биринҷӣ аз ин намуди  гӯштин ба хазинаи варзиши тоҷик ворид гардид. Барандаи ин медал варзишгари маъруфи мамлакат Расул Боқиев ба шумор меравад.

Ҷудо варзиши муқаррарӣ набуда, барномаи мукаммали омӯзишӣ аст, ки бо машғул шудан ба он  инсон худро дар самти матонату далерӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу анъана ва дигар муҳимтарин сифатҳои инсонӣ такмилу тарбия менамояд.  Федератсияи байналмилалии ҷудо бо пеш аз 200 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад ва ҳамасола шумораи дӯстдорони ин навъи варзиш дар ҷаҳон меафзояд.

Ҷудо барои мардуми тоҷик аз ибтидо қариб, ки моли бегона набуд, зеро он ба гӯштини миллии тоҷикӣ пайванди зиёд дорад. Ҳамин буд, ки аз замони пайдоишаш дар Тоҷикистон зуд дар дили дӯстдорони намудҳои гӯштин ҷойгоҳи худро пайдо намуд.  Варзишгарони мо  на танҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ, балки дар сабқатҳои осиёию байналмилалӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар мамлакат ва берун аз он варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок менамоянд. Яке аз тадбирҳои судманд дар ин самт таъсис додани Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳавасмандгардонии варзишгарон равона гардидааст.


Дастовардҳои охире, ки ҷудочиёни тоҷик ба он шарафёб шуданд, ғолибияти онҳо дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ханжоуи Чин  мебошад. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков сазовори медали тилло гардида,  Темур Раҳимов медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода ба гирифтани медали биринҷӣ сарфароз шуданд.

Аз ҷониби  Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёи Ханжоу медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, барандагони медали нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони медали  биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба гирандагони медали тилло хонаи 3- ҳуҷрадор, медали нуқра 2-ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1- ҳуҷрадор тақдим шуд.

Варзишгарони тоҷик бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 28, 2023 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар чемпионати Осиё ба Тайиланд сафар намуданд
Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар иштирок менамояд
Ҳайати паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Омили асосии обшавии босуръати пиряхҳо дар замони муосир ин гармшавии глобалии иқлим мебошад
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо соҳиби 27 медал гардиданд
22 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОДАР-ЗАМИН. Заминро бояд самаранок ва оқилона истифода бурд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЭҶОДКОРӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Омилҳое, ки метавонанд бозори меҳнатро афзоиш дода, мардумро тавонманд созанд
Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Ваҳдатро Сомон Аламов ва Ғазалшои Давлатшо сазовор шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тахач барои бемории меъда, диабети қанд ва зардпарвин муфид аст
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шалғамча барои пешгирии саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст
Душанбе шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ мебошад