ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 апрел мавсими нави чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз меёбад. Аз рӯйи ҷамъбасти мавсим ҳар даста 30 бозӣ баргузор мекунад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар бозиҳои мавсими нави Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон, ки дар ду марҳила баргузор мешаванд, шонздаҳ даста иштирок мекунад. Инҳо дастаҳои «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, «Ҳулбук» ва «Рахш»-и ноҳияи Восеъ, «Душанбе» ва «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе, «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор, «Рангон»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Исфара»-и шаҳри Исфара, «Саразм»-и шаҳри Панҷакент, «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ, «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон, «Сомон»-и ноҳияи Данғара, «Норак»-и шаҳри Норак ва «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ мебошанд.
Дар даври аввали мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон-2026 дастаҳои зерин бо ҳим рақобат мекунанд:
Имрӯз, 3 апрел
«Рахш» — «Исфара» (15:30)
«Саразм» — «Шодмон» (15:30)
«Шоҳмансур» — «Мастчоҳ» (15:30)
4 апрел (шанбе)
«Сомон» — «Ҳулбук» (15:30)
«Саройкамар» — «Сарҳадчӣ» (15:30)
5 апрел (якшанбе)
«Норак» — «Рангон» (15:30)
«Моҳир» — «Панҷшер» (15:30)
Бозии «Ҷиликӯл» — «Душанбе» мавқуф гузошта шуд.
Тибқи дастури мусобиқа, ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Чемпионати Тоҷикистон-2027 байни дастаҳои Лигаи олӣ мешавад. Ҷоизадори медали нуқраи Лигаи якум-2026 бо дастае, ки дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон-2026 ҷойи 11-умро мегирад, бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд, ки соли 2025 дар мусобиқаи Лигаи якум ғолиб шуд, ба Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ роҳхат гирифт. Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар ҷадвали мусобиқаи соли 2025 дар Лигаи олӣ зинаи охиринро ишғол кард, ба Лигаи якум гузашт.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






