31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон бунёди эстакадаи дусатҳа дар назар дошта шудааст

Октябрь 31, 2023 13:59

ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо мебошад. Мувофиқи барномаи СММ, то соли 2030 11 ҳадафи устувор дар шаҳрҳо бояд амалӣ шавад, ки яке аз онҳо таъмини бехатарии шаҳрҳо мебошад. Шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи шаҳрҳои бехатар ва пешрафта мебошад, ки дар он барои сокинону меҳмонон шароити замонавӣ муҳайё гардидааст.

Аз ҷумла, дар пойтахтиТоҷикистон — шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ лоиҳаҳои азими меъморӣ, бунёди роҳу пулҳо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд шудаанд, ки ба бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, тибқи нақша давоми чанд соли оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров – Даврӣ- Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул, дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд.


Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» Муҳаммадюсуф Раҳимзода иттилоъ дод, бунёди роҳҳои дусатҳа барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамояд.

Инчунин дар ҷараёни бозсозии ин гуна роҳҳо пули роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» навсозӣ гардида, бунёди эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст.


«Ҳадафи асосии «Азнавсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯпруки болои дарёи Душанбе» – кам намудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайваст мебошад», -иброз дошт Муҳаммадюсуф Раҳимзода.

Мавсуф иброз дошт, ки дар оянда ба самти дарёи Душанбе навсозии хиёбони С. Шерозӣ (васеъкунии бистари роҳ, ивази рӯйпӯш, сохти новаҳо, хати сабзазор ва ғайра) бо дароз намудани гузаргоҳи зеризаминӣ ба назар гирифта шудааст. Ҷиҳати бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои раҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳамзамон «Азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи А. Қаҳҳоров то кӯчаи С. Айнӣ» низ ба кам шудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони С.Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайвастшаванда мусоидат менамояд.


«Бо мақсади таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон навсозии пули роҳи оҳани болои роҳ (железнодорожный путепровод), аз ҷумла баланду васеъ намудани фазои зери пул, сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ ва нақб дар мавзеи Майдони Ғалаба ба инобат гирифта шудааст. Ҷиҳати бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои раҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд», -гуфт сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар айни замон иҷрои корҳои лоиҳакашӣ дар ин самт 90 %-ро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда пули мошингарди болои дарёи Душанбе аз кучаи Даврӣ-Ҷанубӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров бо дарозии умумии пул бо гардишҳои нақлиётии 2,57 км, масоҳати умумии 733 ҳазору 22 м2 дар назар аст.

Бояд тазаккур дод, ки бунёди роҳҳои замонавӣ дар пешрафти шаҳрҳо саҳми назаррас дошта, сохтмони ин шоҳроҳҳо симои пойтахти Тоҷикистонро давоми чанд соли оянда ба куллӣ тағйир медиҳад.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд