35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонии Деваштич корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкорон марказҳои савдову хизматрасонӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, мағозаҳои хурду калон сохта мешаванд. Иншооти бунёдгардида дорои тарҳу намои зебо буда, ҳар кадоме аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Соҳибкорони деҳаи Хуҷаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор намуда, кӯшиш доранд, ки дар ободии маҳал саҳм гузоранд. Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 4 иншоот дар ҳар кадоме аз 15 то 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад.
Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ шинос гардид. Дар маҷмуъ дар ин ҷамоати деҳот то ҷашни бузурги миллиамон бунёди 48 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони ҷамоат иброз намуд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори вилоят корҳои ободонӣ вусъат ёфта, саҳми сокинону соҳибкорон низ дар ободонии маҳал назаррас аст. Таъкид шуд, ки бунёдкориҳо минбаъд низ бояд идома ёбанд, то шароити зиндагии мардум аз ин ҳам беҳтар гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






