742 корхонаи саноатии Душанбе ба миқдори беш аз 3 миллиард сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намудаанд

Октябрь 27, 2023 14:31

ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби 742 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе, навобаста аз шакли моликияташон ба миқдори беш аз 3 миллиард сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин дар самти пешбурди соҳа натиҷаи назаррас ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус 26 октбяр зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода иттилоъ дод.

Ҳоло муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 110 давлати ҷаҳон хуб ба роҳ монда шуда, баргузории ин гуна намоишгоҳ барои зиёд намудани  иқтидори истеҳсоливу содиротӣ ва мубодилаи таҷриба байни давлатҳои минтақа ва ҷаҳон  имконият фароҳам меорад.

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ба кор оғоз намуд, ки дар он молу маҳсулоти зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, то 29 октябр идома меёбад.

Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни маросими ифтитоҳ ҳадафи баргузории онро  намоиши дастовардҳо дар самтҳои мухталифи истеҳсолӣ, муаррифии молу хизматрасонии нав бо мақсади густариши фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳои ватанӣ, ҷалби сармоягузорон ба мамлакат, ҳамчунин бунёди корхонаҳои нав дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ унвон намуд.

Иштироккунандагони намоишгоҳи байналмилалӣ истеҳсолкунандагони молу хизматрасонӣ аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон ва Туркия мебошанд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ намудҳои нави маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ба намоиш гузошта шудааст, ки истеъмолкунандагон метавонанд бо сифати маҳсулоти нав истеҳсолшуда аз наздик шинос шуда, ба он  баҳо гузоранд.

Таъкид гардид, ки баргузории намоишгоҳ ба васеъ намудани ҷуғрофиёи фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳои иштироккунада ва таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида шуда, намоишгоҳ ба соҳибкорон имкони пайдо намудани шарикони нави тиҷоратиро фароҳам меорад.

Дар ин намоишгоҳ сокинон метавонанд маҳсулотро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 27, 2023 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид