Ҳайати Тоҷикистон бо дастовардҳои соҳаи кишоварзии Шоҳигарии Нидерланд шинос гардид

Октябрь 19, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ дар Шоҳигарии Нидерланд бо дастовардҳои соҳаи кишоварзии ин давлат дар соҳаҳои занҷираи арзиши иловашудаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти растанипарварию чорводорӣ, кластерҳои агросаноатӣ ва нақши илм дар самти беҳтар намудани равандҳои истеҳсолӣ шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.

Зимни суҳбату мулоқотҳо ҳайатҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, гузариш ба иқтисоди «сабз», идоракунии партовҳо, тақвияти ҳамкорӣ байни бахши хусусию давлатӣ дар доираи лоиҳаҳои мушаххас, баргузории форуми соҳибкорӣ байни ду давлат ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан, дар мавриди табодули таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ, омодагӣ ба ҷалби қувваи кории қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ ба Нидерланд, ҷорӣ намудани таҷрибаи инноватсионии Нидерланд дар самти парвариш ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳ доштани занҷирҳои устувори таъминоти озуқаворӣ, пешбурди тамоюлҳои технологияҳои инноватсионӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ изҳори назар гардид.

Инчнунин бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкории Шоҳигарии Нидерланд ҳамоиш баргузор гардид. Дар он  аз ҷониби муовини Вазири кишоварзӣ доир ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҷонибҳо дар доираи суҳбат барои амалӣ намудани ҳамкории судманд дар самти бунёди корхонаҳои коркарди шир ва гӯшти паранда имконияту иқтидори худро муаррифӣ намуданд.

Бо мақсади таҳкими ҳамкории минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ Ёддошти тафоҳум, инчунин  байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Маркази байналмилалии боғдории «Делта» санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст