Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» муассисаҳои буҷетии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд
РАШТ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» соли равон зиёда аз 60 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки он ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва хоҷагии халқи мамлакат пешниҳод мешавад, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини ин ҷамъият.
Кони ангишти «Камароб» дар баландии беш аз 3500 метр, дар дараи Камароби ноҳияи Рашт воқеъ мебошад, ки дар фасли тобистон барфи он дер об шуда, дар аввали фасли тирамоҳ боз барф меборад. Аз ҳамин ҳисоб ва тармафароиҳои зиёд роҳҳои мошингард вайрон мегарданд ва истихроҷи ангишт мушкил мешавад. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, масъулини Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» барои кормандони кон ва меҳмонону ронандагон беҳтарин шароити маишӣ муҳайё намуда, кӯшиш менамоянд, ки нақшаи вобастагардидаро иҷро намоянд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» бо муассисаҳои буҷавии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод шартнома баста, мувофиқи талаботи муассисаҳои буҷавӣ ноҳияи Раштро бо 2328 тоннаю 0,16 кг ангишт ва сохторҳои буҷавии ноҳияи Тоҷикободро бо 767 тоннаю 200 кг ангишти хушсифат сари вақт таъмин намуд.
Роҳбарияти ширкат дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбони ноҳияи Лахш, ниёзмандону ятимон ва маъюбонро бо ангишти ройгон таъмин менамоянд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» имконият дорад, ки сохторҳои буҷетии ноҳияҳои Сангвору Нуробод ва Лахшро бо ангишти хушсифат таъмин намояд. Аз ин рӯ роҳбарияти ширкат ҷиҳати бастани шартнома барои соҳаҳои буҷетӣ ҳамасола ба ин ноҳияҳо муроҷиат менамояд, вале роҳбарияти ин ноҳияҳо бо баҳонаҳои гуногун шартнома намебанданд.
АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






