Ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ байни ноҳияҳои Данғараи Тоҷикистон ва Изники Туркия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон бо раиси ноҳияи Изники Туркия вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Зимни мулоқот густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз ин сафар таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва бозомӯзии мутахассисон байни ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои иқтисодии Ҷумҳурии Туркия мебошад.
Дар доираи сафари корӣ ҳамчунин вохӯрии Раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Исломиддин Раҳмон бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Бурса баргузор гардида, имконияти ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷию хӯрокворӣ, инчунин тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар доираи ин сафар ҳайати ноҳияи Данғара дар ноҳияи Осмонгазии вилояти Бурса бо фаъолияти корхонаи ресандагӣ ва дӯзандагӣ шинос гардид.
Инчунин Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия бо раиси ноҳияи Османгазии вилояти Бурса вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо дар ин дидор масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






