Аз номи Раиси шаҳри Душанбе ба собиқадорони маориф туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи 3000 сомонӣ тақдим гардид

Октябрь 5, 2023 11:49

ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгоронро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Дар ин чорабинии бошукуҳ ба собиқадорони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе аз номи Раиси шаҳри Душанбе туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи 3000 сомонӣ тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли илму маориф ва тарбиятгари насли наврасу ҷавон бо эҳтирому самимияти хосса Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.

Таъкид шуд, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи пойтахт ва ба ҳаёту фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, вобаста ба дастовардҳои назаррас дар таълиму тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар озмунҳои касбӣ ва дигар чорабиниҳои маданию тарбиявӣ қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии омӯзгорон иқдомҳои наҷибро ба роҳ мемонад.

Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайваста қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои соҳавии «Мураббии сол», «Омӯзгори сол» ва «Хонандаи сол», омӯзгорону мураббиёне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб омаданд, ба беҳтар гардидани шароиту имконияти онҳо мусоидат намуда, барои баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар пойтахт заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Сарраëсати маорифи шаҳри Душанбе

Октябрь 5, 2023 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид