Ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон туҳфаи Пешвои миллат- мошини нави хизматӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон- шаҳраки Вомар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон ба роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон туҳфаи Пешвои миллат- мошини нави хизматӣ тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон иттилоъ медиҳад.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқҳои кории кормандон, китобхона ва утоқи бойгонӣ ҷойгир аст. Дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ, утоқи роҳбарият ва дигар утоқҳо мавҷуд мебошанд.
Зимни шиносоӣ бо утоқҳои корӣ ҳайат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, аз кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон тақозо намуданд, ки минбаъд низ фаъолияташонро дучанд намуда, ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Нафароне, ки дар сохтмони бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон саҳм гузошта буданд, дар вазъияти тантанавӣ бо Сипосномаи ҲХДТ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд






